ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон сафари Жозеп Боррелл ба Душанберо нишонаи возеҳи ҳавасмандии ҷонибҳо ба идома додани ҳамкориҳои судманду гуногунпаҳлу хонд.
"Дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он равандҳои нави сиёсию иқтисодӣ ва амниятӣ ташаккул ёфтаанд ва ин воқеият зарурати васеътар кардани ҳамкориҳо ва таҷдиди заминаи ҳуқуқии муносиботи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро пеш овардааст", - изҳор дошт вазир.
Ба гуфтаи Муҳриддин, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки матни Созишномаи мукаммали ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар соли оянда таҳия кунанд.
Инчунин содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо ва бархӯрдорӣ аз имтиёзҳои гумрукӣ аз масоили дигари калидии мулоқот арзёбӣ шуданд.
Ба гуфтаи Муҳриддин, зимни баррасии вазъи Афғонистон ҷонибҳо таъкид намуданд, ки хоҳони истиқрори ҳарчи зудтари сулҳу субот дар Афғонистонанд ва инро омили муҳими таъмини амният дар минтақа медонанд.
Аз омилҳои муҳими сулҳ дар Афғонистон таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистон гуфта шуд.
"Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарин дониста шуданд", - таъкид намуд вазири умури хориҷии Тоҷикистон.
Инчунин ҷонибҳо аҳамияти ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар амри мустаҳкам намудани хатти сарҳад, аз ҷумла тавассути тавсеаи барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид карданд.
Ҳуқуқи инсон, оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мушкилоти марбут ба муҳити зист аз мавзуъҳои дигари мулоқоти Муҳриддин ва Боррел арзёбӣ гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ик Жозеп Боррелл ва хонум Ютта Урпилайнен, фиристодаи Иттиҳоди Аврупо дар умури байналмилалӣ ва ҳамзамон вазири молияи Финландия бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор доранд.