"Истиқлол" қаҳрамони даҳкаратаи Тоҷикистон шуд

Қаблан бошгоҳи Душанбе дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар аз соли 2010 то 2011 ва аз соли 2014 то 2020 медали тилло ба даст оварда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дастаи "Истиқлол" барои бори даҳум барандаи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон гардид. Федератсияи футболи Тоҷикистон дар хабар додааст.
Бошгоҳи "Истиқлол" баъди голборон кардани тими "Душанбе" бо ҳисоби 8:0 ду давр пеш аз анҷоми чемпионат ғолиби он гардид.
Дастаи рақиб маҷбур аст, ки лигаи олиро тарк кунад. Мағлубият дар бозии охирин дар ҳоли ҳозир ба тими "Душанбе" ягон шонси идомаи бозӣ дар Лигаи олиро нагузошт.
"Мағлуби дуввум шояд "Эсхата", "Файзканд" ё "Кӯктош" бошад, ки дар хатти уфт қарор гирифтаанд", - таъкид кардааст ФФТ.
Медали нуқраи қаҳрамонии кишвар насиби "Хуҷанд" гардид. "Истаравшан" ва "ССКА" барои медали биринҷӣ мубориза мебаранд.
Дастаҳо рӯзи 23 ноябр дар шаҳри Истаравшан бозӣ хоҳанд кард. Қаблан “Истиқлол” солҳои 2010, 2011 ва аз соли 2014 то соли 2020 медалҳои тилло ба даст оварда буд.
Футболбози бебаҳо: тоҷик дар ТОП-3 гаронтарин легионерҳои Ӯзбекистон аст
Ёдовар мешавем, ки бозиҳо дар доираи мусобиқаи асосии футболи ҷумҳурӣ дар авоили моҳи ноябр пас аз танаффуси якмоҳа аз сар гирифта шуд.
Ҳанӯз қабл аз ин "Истиқлол" мавқеи пешсафиро ишғол мекард ва аз рӯи натоиҷи бозиҳои гузашта дар хати аввали ҷадвал ҷойгир буд.