Баҳс баъди ҳунарнамоии Фахриддин: Овозхони тоҷик дар даври дигари "Х-Фактор" - видео

Фахриддин Ҳакимов, овозхони тоҷик дар нахустин пахши мустақими барномаи "Х-Фактори Беларус" суруди Максим Фадеев зери унвони "Стану ли я счастливей" - "Оё хушбахттар мешавам" - ро иҷро кард
Sputnik
Ҳунарнамоии овозхони тоҷик дар нахустин пахши мустақими барномаи "Х-Фактор Белорус" писанди доварон ва мухлисон шуд ва ӯ ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфт.
Фахриддин Ҳакимов аз роҳ ёфтанаш ба даври дигар дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода афзуд, ки ҳунарнамоии навбатияш рӯзи шанбе баргузор хоҳад шуд.
Сергей Соседев, яке аз доварон гуфт, интихоби суруд барои Фахриддин мувофиқ нест, чун одами шарқӣ асту одатан хушбахтанд.
Таронаи "Океан" ба сарояндаи тоҷик дар озмуни "Голос" пирӯзӣ овард - видео
Аммо Серёга, довари дигар ва мураббии Фахриддин изҳор дошт, ки дар Шарқ низ инсонҳоянд ва шубҳа хоси онҳо низ ҳаст. Ӯ афзуд, овозхони тоҷик бояд нишон медод, ки то куҷо эҳсосашро дар суруд ҷой дода метавонад. Ба гуфтаи мураббӣ, Фахриддин ҳунарнамоии хуб дошт.
Олга Бузова, яке аз доварон аз ҳунарнамоии Фахриддин Ҳакимов ситоиш кард, ки самимӣ буду писанди мухлисон шуд.