Кӯдаки чорсолаи тоҷик дар Русия аз ошёнаи чорум сарозер шудааст

Ҳодисаи нохуш дар вилояти Ленинград рух додааст, ки дар натиҷа як кӯдаки чорсолаи тоҷик ҷароҳатҳои вазнин бардоштаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар шаҳраки Громовои вилояти Ленинград писарчаи чорсола аз тиреза афтидааст, хабар дод РЕН ТВ.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш 19 ноябр рух додааст. Бар асоси маълумоти расида, кӯдак аз оилаи муҳоҷирони тоҷик будааст, ки ахиран модараш ӯро пеши падар оварда будааст.
Гуфта мешавад, кӯдак тирезаро кушода ба тӯри зидди хомӯшак такя зада, ки ба поин сарозер шудааст.
Дар Душанбе аз худкушии як зани 27-сола ҷилавгирӣ шуд: Хост аз ошёнаи 15 худро партояд
Расонаҳои минтақаӣ мегӯянд, кӯдак зинда монда, феълан дар беморхона бистарӣ мебошад. Гуфта мешавад, сутунмуҳра, шушҳо ва мағзи сараш осеб дидаанд.
Падари хонавода аз моҳи март дар Русия қарор дошта, модару кӯдак ахиран ба назди ӯ омадаанд, зикр шудааст дар матлаб. Таъкид шудааст, ки онҳо дар шаҳраки Громово иҷоранишин буда, сабти расмӣ надоранд.
Кормандони Кумитаи тафтишотӣ ва мақомоти додситонӣ феълан қазияро таҳқиқ мекунанд.