"Ёд надорам": Каримов гиряи баланди баъди қаҳрамонияшро шарҳ дод - видео

Акмалиддин Каримов, ки баъди чор нуқраи Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо ниҳоят ноил шуд, ки имсол медали тиллоро ба даст орад, гиряи баландаш баъди пирӯзиро шарҳ дод
Sputnik
Акмалиддин Каримов дар шарҳи вазъи рӯҳияаш баъди пирӯзӣ гуфт, вақте ниҳоят, баъди 10 соли машаққатҳо тавонист унвони қаҳрамони ҷаҳонро гирад, дигар ҳолашро ёд надорад.

"Баъди ноҳаққиҳои зиёди доварон дар ниҳоят ба орзуи деринаи худ расидам ва дигар ёд надорам, ки дар чӣ ҳолат будам. Ҳамин тавр ашки чашмонам ҷорӣ шуд", - изҳор дошт паҳлавон дар суҳбат бо сомонаи ҶОМ.

Ӯ таъкид намуд, баъди ноил шудан ба дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон дар хотир надорад, ки чӣ кор кард.
"Мисле ки аз ҳуш беҳуш мешавӣ, ҳамин ҳолат ба ман рух дод", - афзуд паҳлавон.
Каримов, ки зиндагии хоксоронае дорад, баъди солҳои зиёди тамрин медали тилои Қаҳрамонии ҷаҳонро гирифту онро баъди расидан ба манзилаш ба гардани модари бемораш овехту ҳар ду ашк рехтанд.
Ӯ ба варзишгарони дигар маслиҳат дод, ки ҳаргиз рӯҳафтода нашаванд ва ҳамеша барои пешрафту пирӯзӣ талош намоянд.