Ҳисоботи мақомоти Тоҷикистон аз вазъи ҷамъоварии пахта

Вазорати кишоварзӣ иттилоъ додааст, ки дар Тоҷикистон беш аз 393 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои датари матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар қаламрави кишвар то 18 ноябри соли равон 393 ҳазору 568 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳиссаи асосии ҳосили ҷамъоваришудаи пахта ба хоҷагиҳои вилояти Хатлон рост меояд.
Таъкид шудааст, ки кишоварзони ин вилоят аз аввали мавсим то санаи мазкур беш аз 266 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.
Мақомоти Суғд гуфтанд, чӣ қадар пахта ҷамъоварӣ шудааст
Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки кишоварзони вилояти Суғд имсол дар майдони 49 ҳазору 679 гектар кишти пунбадона гузарониданд, ки аз он 120 ҳазору 657 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ дар майдони 3007 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки аз он то санаи мазкур 6164,1 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст.
Манбаъ илова кардааст, ки Вазорати кишоварзии Тоҷикистон имсол дар майдони 173 ҳазору 945 гектар кишти пунбадона гузаронид, ки тибқи дурнамои истеҳсол, бояд аз ин майдон 419 ҳазор 511 тонна пахта рӯёнад.