ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ҳикматуллоҳ Нурзай, сухангӯи Брешна дар як паёми видеоӣ гуфт: "Пули нерӯи барқи Брешна ҳарчӣ зудтар ба кишварҳои ҳамсояе, ки ширкат қарздор аст, пардохт карда мешавад."
Ӯ ин изҳоротро дар пайи суханони нозири вижаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон, ки гуфта буд, кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд барқро ба далели напардохтани қарзҳо қатъ кунанд, баён кард.
Нурзай ҳамчунин таъкид кард, ки нерӯи барқи Афғонистон қатъ нахоҳад шуд.
То 7 октябр, Брешна аз кишварҳои содиркунандаи нерӯи барқ 62 миллион доллар қарздор (бештараш аз Тоҷикистон) буд, ки истеъмоли ҳармоҳа аз 20 то 25 миллион долларро ташкил медиҳад.
"Брешно" қарзро дар моҳи оянда аз кадом ҳисоб додан мехохад?
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон"* дар як мусоҳибаи ихтисосӣ ба хабаргузории Sputnik Афғонистон гуфт, қарзҳои "Брешно" пас аз ситонидани пули барқ пардохта мешаванд.
Вай гуфт, "қарзгирии Брешна пас аз қатъи нерӯи барқ боло меравад, он ҳанӯз қисман ҷамъ шудааст ва қарз бояд баргардонида шавад."
Муҷоҳид ҳамчунин таъкид мекунад, ки "Брешно" низ буҷаи худро дорад.
Дар ҳамин ҳол, Аҳмад Шоҳин, коршиноси сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон ба Sputnik Афғонистон гуфт, дар ҳукумати Ғанӣ сохтори мушаххаси иқтисодӣ вуҷуд надошт ва ҳоло ҳам вуҷуд надорад.
"Таҳдиди фурӯпошии сохтори иқтисодии кишвар рӯз то рӯз афзоиш меёбад, тамоми хароҷот ва даромаду хароҷоте, ки толибон доранд, ин дар чаҳорчӯби буҷаи муқарраршуда ва тасвибшуда нест",- гуфт ӯ.
Оқои Шоҳин меафзояд, манобеъи даромади "Толибон"* танҳо аз ҳисоби бахши гумрук аст.
"Толибон хароҷоти худро тавассути маҳсулоти гумрукӣ мепӯшонанд, яъне тавозун вуҷуд надорад, то харҷи онҳо ба бахшҳои мухталиф тақсим шавад", - таъкид кард мавсуф.
Ба гуфтаи ин коршиноси масоили иқтисодӣ ва сиёсӣ, толибон пешгӯӣ мекунанд, ки як бахше аз ин хароҷотро аз ҳисоби даромади гумрукӣ пардохт хоҳанд кард.
"Фикр намекунам, ки онҳо (толибон) дар ояндаи наздик тавони пардохти 62 миллион долларро дошта бошанд", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи "Брешно", дар ҳоли ҳозир бештари нерӯи барқ аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ворид мешавад ва бахше аз нерӯи барқи ин кишвар аз сарбандҳои дохилӣ тавлид мешавад.
Ин ширкат ахиран эълом дошт, ки аз Эрон барои вилоятҳои Ҳирот, Фароҳ ва Нимрӯз 100 мегаватт нерӯи барқ мехарад.
Қаблан қаблан толибон гуфта буданд, ки барои пардохти қарзи ширкат амволи сиёсатмадороне, ки дар ҳукумати қаблӣ буданду пули масрафи нерӯи барқро надоданд мефурӯшанд.
* - гуруҳе, ки барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.