Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз мавҷи нави коронавирус дар кишвар хабар медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Табибони тоҷик боз чанд ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирусро сабт карданд.
Дар 24 соати ахир дар Тоҷикистон чаҳор нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шуд. Ҳамчунин табибон хабар доданд, ки як нафар аз ин беморӣ шифо ёфтааст.
Дар маҷмуъ, аз замони нахустин мавриди гирифторӣ ба коронавирус дар кишвар 17 095 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олим СҶБ-ро дар дурӯғгӯӣ муттаҳам кард ва пайдоиши коронавирусро шарҳ дод
Тибқи гузориши Вазорати тандурустӣ, то 19 ноябр ба духтурон муяссар шуд, ки 16966 касро табобат кунанд.
Ин вабои аср ҷони 124 нафарро гирифт.
Бо вуҷуди паст будани мизони гирифторӣ ба ин беморӣ дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон як барномаи густурдаи ваксинаро роҳандозӣ кардааст.
Тоҷикистон пайваста аз кишварҳои мухталиф дар заминаи кумаки башардӯстона ваксина ворид мекунад. Ҳамаи шаҳрвандони аз 18-сола боло метавонанд тавассути "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfizer" ва "Sputnik V" ваксина гиранд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Қобили зикр аст, ки ваксинзанӣ дар Тоҷикистон ҳатмӣ эълон шудааст.
Ёдовар мешавем, ки пандемияи COVID-19 моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин оғоз шуда буд.
Ҳоло дар ҷаҳон ду фарзияи пайдоиши коронавирус вуҷуд дорад. Якум ин ки COVID-19 ба одамон аз кӯршапаракҳо тавассути ҷонваре интиқол ёфтааст. Дуюм, пайдоиши коронавирусро аз озмоишгоҳ мегӯяд.