ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Илҳом Тагиров, ҳунарманд аз Тоҷикистон аз марҳилаи навбатии интихобии озмуни "Голос" гузашт.
Тагиров дар даври 10-уми барномаи вокалии телевизионии "Голос" бо Максим Завидия таронаи "Океан"-ро иҷро кард.
Ин тарона аз эҷодиёти устоди Тагиров Дима Билан аст.
Суруд аз албоми ""Перезагрузка" буда, соли 2020 пешкаши шунавандагон шудааст. Намоҳанги ин сурудро коргардони филм ва телевизион, режиссёри ҷашнвораи Соли Нав дар "Шабакаи аввал" Алексей Голубев ба навор гирифтааст.
Дар ин дав сарояндагон ҷуфт ҳунарнамоӣ мекунанд, пас аз намоиш мураббӣ номи иштирокчии ба марҳилаи навбатии намоишгузаштаро эълон мекунад.
Билан аз ду дастпарвараш намояндаи Тоҷикистонро интихоб кард ва гуфт, бо Илҳом, ки овози хуби ба талаботи ӯ мувофиқ дорад, имкон аст, як чизи ҷолиб омода кунанд.
Сароянда, нависанда ва бастакор Александр Градский бошад, баромади намояндаи Тоҷикистонро олӣ гуфт.
Навозанда Леонид Агутин қайд кард, ки Тагиров аз ҷиҳати услубӣ хеле хуб шудааст, аммо афзуд, ки ҳар ду иҷрокунанда аз ҷиҳати овоз баробаранд.
"Ман ба устоди шумо ҳасад мебарам. Вақте ки сурудатонро мешунаванд, фарқ кардан он қадар осон нест. Хуб буд, тасвири хеле зебо", - гуфт сароянда Пелагея дар шарҳи иҷрои ин барнома.
Илҳом Тагиров барои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва тамошобинони барномаи телевизиони "Якум"-и Русия бо як баромади ҷаззобаш дар озмуни "Голос" шинохта шуд. Таронаи "Dream a Little, Dream of Me" (Каме хоб кун, дар хобат бубинам)-и Фабиан Андре ва Уилбур Швандт дар иҷрои ҷавони тоҷик баҳои баланд гирифт.
Илҳом Тагиров 27 сол дорад ва зодаи шаҳри Турсунзода мебошад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, донанадаи чор забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ аст. Тавре худаш мегӯяд, маълумоти мусиқӣ надорад ва касе аз хонаводаашон санъаткор ҳам нест.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр дар "Шабакаи аввал"-и Русия мавсими 10-уми барномаи вокалии телевизионии "Голос" оғоз шуд.