ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Сарбозони Ҷабҳаи муқовимат дар вилояти Бағлон фармондеҳи калидии толибонро куштанд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Ба гуфти манобеъ, мошини Мавлавии Низомӣ, фармондеҳи нерӯҳои "қисми сурх"-и толибон дар водии Андароб, дар минтақаи Диҳ-Салох ба доми сарбозони Ҷабҳаи муқовимат афтод.
Дар натиҷаи задухӯрди кӯтоҳ ӯ ва 5 толиб, ки ҳамроҳаш буданд, дар ҷои ҳодиса кушта шуданд.
Мавлавӣ Низомӣ зодаи вилояти Кундуз буда, аз фармондеҳони калидии толибон гуфта мешавад.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.
Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.