ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Маскав мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Русия Николай Шулгинов баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об.
Тибқи гузориши манбаъ, дар ин дидор масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи электроэнергетика баррасӣ шудааст.
Сиёсатмадорон фаъолияти НБО "Сангтӯда-1"-ро, ки дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ бунёд гардидааст, баррасӣ карданд.
"Фароҳам овардани имкониятҳои истихроҷи нафту газ дар қаламрави Тоҷикистон ва инчунин идомаи ҳамкории судманд дар ҷиҳати воридоти маҳсулоти нафту газ аз Русия ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуда, ки инчунин як қатор масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи ҳар ду ҷониб дар ин ва дигар самтҳо низ баррасӣ шудааст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, баҳри тавсеа ва ҳалли масъалаҳои матраҳ дар мулоқот, ки дар маҷмуъ барои вусъатбахшии ҳамкории мутақобилан судманди бисёрҷониба байни ду кишвари ба ҳам дӯст равона карда шудаанд, минбаъд низ талош мешавад.