Теъдоди мусалмонони Маскав дақиқ шуд

Муфтии Маскав Илдар Аляутдинов теъдоди мусалмононеро, ки дар Маскав ба сар мебаранд, расонаӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар Маскав 3-3,5 миллион мусалмон зиндагӣ мекунад, ки 2 миллионашон сокинони маҳаллӣ буда, боқимонда муҳоҷиронанд.
Ҳамагӣ дар Маскав чаҳор масҷид мавҷуд асту дар шаҳр намозхонаҳо низ фаъолият мекунанд, гуфт имоми асосии масҷиди ҷомеи Маскав Илдар Аляутдинов.

"Тибқи маълумоти тахминӣ, дар пойтахт ҳудуди 3-3,5 миллион мусалмон ба сар мебарад, ки ду миллиони онҳо сокинони шаҳр ва 1-1,5 нафари боқимонда онҳое мебошанд, ки барои кор омадаанд", — гуфт Аляутдинов.

Вай зикр кард, диндорон метавонанд на танҳо дар масҷидҳо, балки дар марказҳои фарҳангии мусалмонӣ ва намозхонаҳо намоз гузоранд.
Муфтӣ: Дар Маскав масҷид барои муҳоҷирон намерасад
"Масалан, дар ҳайати Раёсати динии мусалмонони Маскав (дар пойтахт дигар созмонҳои мусалмонӣ низ фаъолият мекунанд – идора.) 21 созмони динии мусалмонони маҳаллӣ вуҷуд дорад. 10-тои онҳо биноҳои алоҳида доранд, ки дар онҳо намозгоҳ мавҷуд аст. Ва берун аз ҷамоатҳо, масалан, дар баъзе фурудгоҳҳо ва муассисаҳои тиббӣ низ ҳуҷраҳои намозгузорӣ мавҷуд аст. Агар ҷамоатҳои дохили Идораи мусалмонони Маскав ва намозхонаҳо дар муассисаҳоро ҳисоб кунем, дар маҷмуъ 25 намозгоҳ мавҷуд аст", - гуфт муфтӣ.
Дархости мусалмонони Маскав барои сохтмони масҷидҳои бештар дар пойтахти Русия
Вай таъкид кард, ки "масҷидҳо ва намозхонаҳо, дар маҷмуъ, на танҳо барои муҳоҷирон, балки барои москвагиҳои бумӣ - мусулмонон низ кофӣ нест" ва барои дидани ин, шоми ҷумъа, дар вақти иқомаи фарзи намоз, замоне ки "ҳазорон нафар наметавонанд ба дохил дароянд"-у дар кӯчаҳо намоз мегузоранд, ба масҷиди ҷомеи Маскав омадан кофист, .