ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ҳавопаймои "Ил-76"-и Вазорати дифои Русия, ки дар берун овардани шаҳрвандони ин кишвар ва давлатҳои дигар аз Афғонистон иштирок мекунад, дар фурудгоҳи Чкаловскийи вилояти Маскав фуруд омадааст, хабар медиҳад Вазорати дифои Русия.
"Ҳавопаймои авиатсияи ҳарбии нақлиётии Вазорати дифои Русия, ки дар тахлияи шаҳрвандон аз Ҷумҳурии Афғонистон ширкат дошт, дар фурудгоҳи Чкаловскийи вилояти Маскав фуруд омад", — омадааст дар хабар.
Ҳавопаймоҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия, Арманистон, Беларус, Украина ва Афғонистонро интиқол доданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки се ҳавопаймои Русия, ки ба Кобул кумаки башардӯстона интиқол медоданд, дар баргашт 205 шаҳрванди панҷ кишвари дунёро аз Афғонистон берун меоранд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 18 ноябр ҳавопаймои вазорати мудофиаи Русия ба Афғонистон 36 тонна кумаки башардӯстонаро интиқол дод. Ин кумакҳо аз маводи ғизоӣ ва доруворӣ иборат буданд.
Зимнан ҳукумати муваққати Афғонистон барои ирсоли кумакҳо ба раисҷумҳури Русия ва вазири мудофиаи ин кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, умедворӣ кард, ки интиқоли кумакҳо аз Русия минбаъд ҳам идома меёбад.