Қоидаи нав: Русия аз муҳоҷирон пешниҳоди ду шаҳодатномаи тиббиро талаб мекунад

Аз ҳамаи муҳоҷирони корӣ талаб мешавад, ки дар робита ба гирифтор набудани худ ба бемориҳое чун ВНМО ва нашъамандӣ мадрак ироа кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Қарор дар бораи ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод намудани шаҳодатномаҳои мавҷуд набудани сирояти ВНМО аз ҷониби муҳоҷирони корӣ метавонад бар асоси лоиҳаи таҳиякардаи ин ниҳод аз 29 декабри соли 2021 иҷроӣ шавад.
Илова бар ин аз муҳоҷирон ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки беш аз 90 рӯз дар Русия иқомат мекунанд, ҳуҷҷатҳои тиббии тасдиқкунандаи нашъаманд набудани онҳо тақозо мешавад.
Русия
Русия барои муҳоҷирон имтиҳони нав роҳандозӣ мекунад
Дар лоиҳа зикр шудааст, ки шаҳодатномаҳоро шаҳрванди хориҷӣ метавонанд ба шуъбаи муҳоҷират пешниҳод кунанд.
Муҳоҷирон метавонанд ҳамчунин шаҳодатномаҳои мавҷуд набудани ВНМО ва нашъамандиро ба корхона ё ба ташкилоти ваколатдор супоранд.
Инчунин шаҳодатномаҳоро метавон дар шакли ҳуҷҷати электронӣ бо истифода аз "Госуслуг" ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия фиристод. Дар давоми як рӯз муҳоҷир дар бораи қабули онҳо огоҳиномаи электронӣ мегирад.
Шаҳрвандони хориҷӣ бояд ҳуҷҷатҳои тиббии номбаршударо дар давоми 30 рӯз аз рӯзи ба охир расидани муҳлати шаҳодатномаҳои қаблан додашудаи тасдиқкунандаи гузаштан аз муоинаи тиббӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод намоянд.
Коршиносон: Муҳоҷирони тоҷик ба рушди Русия таъсир мерасонанд
Дар сурати ба синни 18 нарасидан ё аз ҷониби суд ғайри қобили амал эътироф шудани шаҳрванди хориҷӣ ҳуҷҷатҳоро волидайн ва ё сарпарастони онҳо пешниҳод мекунанд.
Гуфта мешавад, шаҳодатномаҳои мавҷуд набудани ВНМО ва нашъамандӣ ба забони хориҷӣ бояд ба забони русӣ тарҷума ва тасдиқи нотариалӣ дошта бошанд.
Ҳама маълумот дар бораи гирифтани ҳуҷҷатҳои тиббӣ ба системаи иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Русия ворид карда мешавад.