Роҳи "Душанбе - Чаноқ" боз шуд

Ширкати саҳомии "Инновейтив роуд солюшнз" ЛТД дар Тоҷикистон, ки ба нигаҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ муваззаф аст, аз боз шудани ин масир барои ҳаркати нақлиёт хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Роҳи "Душанбе - Чаноқ" пас аз маҳдудияти муваққатӣ барои ҳаракати ҳама намуди нақлиёт боз шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии ширкати IRS хабар додааст.
Ҳоло роҳи "Душанбе - Чаноқ", ки шимоли ҷумҳуриро ба пойтахт мепайвандад, барои ҳаракати мошинҳои боркаш боз аст. Дар баробари ин ширкат ҳушдор медиҳад, ки тамоми ронандагон бояд ба нигоҳубини мошинҳо таваҷҷуҳ кунанд.
Барфрезӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ ва шарҳи IRS аз маҳдудиятҳо - акс
IRS аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки пеш аз ворид шудан ба шоҳроҳ воситаҳои нақлиёти худро мувофиқи талаботи мавсими зимистон омода созанд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.
Ёдовар мешавем, қаблан хадамоти матбуотии ин ширкат ҳушдор дода буд, ки бар асари боридани барфи зиёд роҳ бояд тоза карда шавад. Барои ин ҳаракати ҳамаи мошинҳои боркаш муваққатан мамнуъ шуда буд.