Ба президент гуфтанд, чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дуруст мебарояд

Обуҳавошиносони Тоҷикистон соҳиби бино ва таҷҳизоти нав шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон аз ҳавошиносон хост, ба аҳолӣ ва идораҳои давлатӣ маълумоти дақиқу саривақтиро пешниҳод кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бинои нави Агентии обуҳавошиносии кишварро, ки аз 6 ошёна ва таҳхона иборат аст, ба истифода дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи умумии кормандони агентӣ бо ҳайати хидматрасонӣ 775 нафарро ташкил медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кормандони Агентии обуҳавошиносиро ба фаъолияти пурсамар дар шароити тағйирёбии иқлим, омӯзиши ҳолати пиряхҳо ва пешниҳои маъулмоти дақиқу саривақтӣ дар бораи ҳаво ба аҳолӣ ва идораҳои давлатӣ даъват намуд.
Гузориш дода шудааст, ки пешгӯии ҳавошиносони тоҷик асосан ба таври машваратӣ сурат гирифта, дурустии онҳо то 90 фоизро ташкил медиҳад.
Роҳи "Душанбе - Чаноқ" боз шуд
Зикр гардид, ки Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дорои 3 шуъба, 5 раёсат ва 5 маркази муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири обуҳавосанҷӣ мебошад.

"Ҳоло дар ҷумҳурӣ 54 шабакаи давлатии обуҳавосанҷӣ, 96 дидбонгоҳи обченкунӣ, 21 нуқтаи ченкунии сифати фазои ҳаво дар шаҳрҳои калон ва саноатии ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин таъкид гардидааст, ки дар шуъбаи пешгӯии обуҳаво 56 нуқтаи бодуҳовасанҷӣ ва 29 нуқтаи худкор мавҷуд аст, ки ҳаррӯза вазъи обуҳаво, ҳарорати ҳаво, боришот, самту суръати шамол, чангу ғубор, тормеғ ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Инчунин барои тартиб додани пешгӯиҳои якшабонарӯзӣ аз харитаҳои ёрирасони обуҳавосанҷии моҳвораи METEOSAT-8 - Маркази моҳворагии аврупоӣ истифода бурда мешавад, гузориш дод манбаъ.