Мунтахаби наврасони Тоҷикистон яккачини Қирғизистонро голборон кард

Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон яккачини Қирғизистонро бо ҳисоби калон шикаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон яккачини Қирғизистонро бо ҳисоби калон шикаст дод.
Бозии дастаҳо дар доираи Қаҳрамонии CAFA-2021 миёни наврасон (U-15) дар Душанбе доир гашта бо ҳисоби 5:0 ба фоидаи Тоҷикистон хотима ёфт.
Дар бозии дигарин гуруҳ яккачини Эрон мунтахаби Ӯзбекистонро шикаст дод.
Бозиҳои Эрону Ӯзбекистон низ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гашта бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт.
Тибқи иттилои ФФТ умуман, дар доираи Қаҳрамонии CAFA-2021 6 бозӣ мегузарад ва ҳамаи рақобатҳо бо иштироки мухлисон доир мешавад.
Бозгашти дигарбораи дастпарвари футболи тоҷик ба "Химки"
Тоҷикистон ҳамакнун дар даври дуюм бо Эрон ва дар даври сеюм бо Ӯзбекистон вориди рақобат мешавад.
Охирин бозии дастаҳо рӯзи 24 ноябр доир мегардад.

Тибқи низомнома Чемпионати CAFA-2021 миёни наврасон тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор ва ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад.
Яккачини Тоҷикистон дар ин мусобиқа таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов баромад мекунад.
Қабла аз бозӣ ӯ бо хабарнигорон гуфт, иштирок дар чемпионати CAFA-2021 фурсати нерӯсанҷӣ ва яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 аст, ки тирамоҳи соли оянда баргузор мешавад.