ДУШАНБЕ, 19 – Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода марде аввал ҳамсараш ва сипас худро корд зад, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Дар бораи кордкашӣ зан ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза муроҷиат кардааст.
Тибқи гузориши манбаъ, зани 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Регари шаҳри мазкур шикоят кардааст, ки шавҳараш, марди 43-солаи сокини ҳамон ҷо ӯро захмӣ кардааст.
Ба нақли зан, ҳамсараш бо сабабҳои номаълум бо корди ошхонагӣ 6 бор ба узвҳои баданаш зада, баъдан, 2 бор ба узвҳои бадани худаш зудааст.
"Дар натиҷа ҳар дуи онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуда, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.