ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Мақомоти Австрия аз 22 ноябр ба далели вазъи шадиди гирифторӣ ба COVID-19 ва сарбории зиёд ба бахши тандурустӣ маҳдудиятҳои оммавӣ эълон мекунад.
Дар ин бора рӯзи ҷумъа садри аъзами ин ҷумҳурӣ Александр Шалленберг дар пайи мулоқот бо раҳбарони минтақаҳои Австрия хабар дод.
"Бинобар ҷиддияти вазъ, мо дигар чора надорем, ба ҷуз ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо барои худ ва системаи беҳдоштӣ. Аз рӯзи душанбе, маҳдудиятҳои умумимиллӣ ба муҳлати на камтар аз 20 рӯз ҷорӣ карда мешавад", - изҳор дошт Шалленберг дар нишасти матбуотӣ.
Маҳдудият ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дахл дорад. Австрия инчунин аз моҳи феврали соли 2022 омодагиро барои ҷорӣ кардани ваксинаи ҳатмӣ бар зидди COVID-19 оғоз мекунад.
"Мо ба як қарори душвор омадем - тасмим дар бораи ҷорӣ кардани ваксинаи ҳатмии умумимиллӣ. Он бояд аз феврали соли 2022 эътибор пайдо кунад", -гуфт канслер.
Дар Австрия шумораи гирифторони COVID-19 дар моҳи ноябр паиҳам меафзояд. Ҳамарӯза беш аз 15 ҳазор нафар тоза гирифтори коронавирус мешаванд.
Дар ин замина ҳукумат аллакай аз 15 ноябр барои одамоне, ки ваксина нагирифтаанд ё бемор нашудаанд, маҳдудият ҷорӣ кардааст. Ҳоло танҳо онҳое, ки ваксина гирифтаанд ва ё бемориро паси сар намуданд, метавонанд ба ҷойҳои ҷамъиятӣ раванд.