Толибон вуруди афроди ғайримасъулро ба Панҷшер манъ карданд

Девони вазирон ба Вазорати дифоъ дастур додааст, ки вуруди афроди ғайримасъулро ба Панҷшер манъ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Кобинаи ҳукумати Толибон аз Вазорати дифои иморати исломӣ (ҳукумати худхондаи толибон) хостааст, то аз вуруди афроди "ғайримасъул" ба вилояти Панҷшер ҷилавгирӣ кунад, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Гуфта мешавад, ин тасмимро ҷангҷӯён ба хотири беҳтар шудани вазъи амниятӣ гирифтаанд.
Раёсати умури ҳукумати толибон имрӯз (панҷшанбе, 18 ноябр) дар хабарномае навиштааст: "Вазорати дифоъ муваззаф шудааст, то ба хотири беҳбуди вазъи амниятӣ дар Панҷшер аз вуруди афроди ғайримасъул дар тамоми дарвозаҳои вурудии ин вилоят тавассути талош муназзам ҷилавгирӣ кунад".
Паёми нави Регистонӣ ба ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ
Ин тасмим дар иҷлосияи даҳуми кобинаи иморати исломӣ (ҳукумати худхондаи толибон) гирифта шудааст, афзуд манбаъ.
Дар хабарнома Идораи маъмурияти толибон дар бораи киҳо будани афроди “ғайримасъул” ҷузъиёти бештар дода нашудааст.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, кобинаи толибон ҳамчунин вазорату идораҳоро муваззаф кардааст, ки дафтарҳои худро дар Панҷшер дубора фаъол ва афроди мариди "эътимод"-ро дар вазифаҳои холӣ таъйин кунанд.
Чунин ба назар мерасад, ки ин тасмим ба хотири ҷилавгирӣ аз фаъолияти ҷонибдорони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ алайҳи толибон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд гирифта шудааст.
"Туркманҳову паштунҳо": бузургтарин талафоти толибон дар Панҷшер
Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА дар ин кишвар рӯзи 15 сентябр қудратро ба даст гирифтанд ва танҳо Панҷшер аст, ки дар баробари онон меҷангаду талаби ҳукумати ҳамашумулро дорад.
Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал алайҳи толибон дар солҳои 1996-2001 аст. Ӯ амалан Ыабҳаи муқовимати миллии дувумро пас аз суқути Кобул дар 15 августи соли равон эълон кард ва раҳбарии онро ба зимма дорад.
Нерӯҳои ҷабҳа ҳоло дар вилояти Панҷшер бо толибҳо дар ҳолати ҷанганд. Панҷшер танҳо вилоятест, ки ба пуррагӣ аз сӯйи “Толибон*” ишғол нашудааст.