ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон аз вуруди пулҳои нави коғазӣ ба муомилот хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2021 таҳти №166 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бо мақсади таъмин намудани иқтисод бо нишонаҳои пулӣ, ин бонк пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2021-ро бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот мебарорад.
Ин ниҳод мегӯяд, пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500-сомонии намунаи соли 2021 дар баробари пулҳои коғазии солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки дар муомилот мавҷуданд, истифода хоҳанд шуд.
Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2021 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ, тибқи тартиби муқарраршуда, чораҳои зарурӣ меандешад, афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод қаблан гуфта буд, пулҳои коғазии нав дорои дараҷаи ҳифозатии баланд буда, аз омехтаи нахи пахта (80%) ва маводи кимиёии полимер (20%) омода шудаанд ва унсурҳои ҳимоятӣ, аз қабили нишонаи обӣ, риштаи ҳимоятӣ, резанавишт, унсури чопию нақшкӯбии зиддинусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, кинеграмма, нишона барои нобиноён ва ҳимояи магнитӣ доранд.
Ёдовар мешавем, чопи сомониро ширкати “Giesecke+Devrient” аз соли 1999 ба зимма дорад, ки шартномааш бо БМТ соли равон ба поён мерасад.
Ахиран Ҳоким Холиқзода, раиси БМТ бо Томас Ли, директори тиҷоратии ширкати “Landgart AG”, ки ба барориши пулҳои коғазӣ машғул аст, мулоқот кард.
Намояндагони ширкати “Landgart AG” дар бораи тамоми паҳлуҳои фаъолияти ширкати хеш, аз ҷумла дар ҷиҳати хусусиятҳои хоси раванди истеҳсоли коғази аълосифат, барориши пулҳои коғазӣ ва такмили унсурҳои ҳимоятии он, ҳамкорӣ бо бонкҳои марказии кишварҳои гуногун бо истифода аз рӯнамо маълумот манзур намуда, Холиқзодаро барои боздид ва шиносоии наздик ба қароргоҳи марказии “Landgart AG” даъват кардаанд
Зоҳиран БМТ барои барориши пули миллӣ ширктаи нав меҷӯяд, зеро қарордодаш пас аз 22 сол бо ширкати “Giesecke+Devrient” ба поён мерасад.