Сафири Русия дар Кобул: Афғонистон ба тарафи қаҳтӣ равон аст

Сафири Русия дар Кобул гуфтааст, ки Афғонистон дар вазъияти хеле бади башардӯстона қарор дорад ва ин кишвар рӯ ба қаҳтӣ ниҳодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Кобул дар гуфтугӯ бо хабаргузории русӣ гуфт, ки дар Афғонистон қаҳти меояд, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ташдид мешавад. Толибон ба Амрико бояд бигӯяд, ки пулҳои масдудшуда мутаалиқ ба мардуми Афғонистон аст.
Сафири Русия хотирнишон кард, бар асоси дастурот Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Вазорати дифоъ ирсоли кумакҳои башардӯстонаро оғоз кардааст.
Ҳавопаймоҳои Ил-76-и Русия беш аз 36 тонна маҳмулаи кумакҳои башарии Русияро ба Афғонистон интиқол доданд.
Дар Афғонистон 34 дармонгоҳ ба далели набуди доруворӣ баста шуд
Ин кумакҳо шомили орд, рӯған ва кампал аст.
Дар ҳамин ҳол толибон гуфтаанд, "мо аз тарафи мардуми Афғонистон аз Русия ташаккур мекунем ва аз ҷаҳон мехоҳем, ки иқдомоти мушобеҳро анҷом диҳанд".
Русия 108 тонна маводи хӯрокӣ ба Афғонистон кумак мекунад ва ин кумакҳо дар се марҳила ирсол мешавад. Дувумин маҳмулаи кумакҳои башарии Русия дар рӯзҳои оянда ба Афғонистон таҳвил дода хоҳад шуд.