Маоши муҳоҷирон дар Русия боло рафтааст

Афзоиши интиқоли маблағҳо аз зиёдшавии даромади хориҷиён дар Русия шаҳодат медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Музди меҳнати муҳоҷирони корӣ дар Русия соли 2021 боло бурда шуд. Ин хулосаро нашрияи "Коммерсант" бар асоси омори Бонки Ҷаҳонӣ мунташир кардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар соли 2021 ҳаҷми интиқоли пул ба кишварҳои дорои даромади кам ва миёна аз сатҳи пеш аз пандемияи коронавирус зиёдтар аст. Ин маънои онро дорад, ки хориҷиён ба фиристодани маблағҳои бештар ба ватан шуруъ кардаанд.
Тибқи пешгӯии Бонки Ҷаҳонӣ, ҳаҷми умумии интиқолҳо 589 миллиард долларро ташкил медиҳад. Он пас аз коҳиши 1,7-дарсадӣ дар соли 2020, феълан беш аз 7 дарсад афзоиш ёфтааст.
Даромади муҳоҷирон дар Русия якбора боло рафт
Дар семоҳаи сеюми соли 2021 интиқоли пул аз Федератсияи Русия ба дигар давлатҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 10 дарсад бештар будааст. Ин мизон бо хуруҷи муҳоҷирон аз Русия дар соли аввали пандемия рабт дода мешавад.
Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ таъкид мекунанд, бо эҳёи иқтисоди пасазбуҳронӣ интиқоли пул аз Аврупо ва Амрико афзоиш ёфт.
Дар Русия мизони пули интиқолии муҳоҷирон пас аз болоравии қимати нафт, ки иқтисодро эҳё кардааст, барқарор мешавад.
Маоши муҳоҷирони корӣ дар сохтмонҳои Русия ошкор шуд
Коршиносони СММ бар ин назаранд, ки афзоиши ҳиссаи интиқоли пул дар ММД-и ҷаҳонӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи муҳоҷират мусоидат мекунад. Маблағҳое, ​​ки ба кишварҳои дигар фиристода мешаванд, хароҷоти хонаводаҳоро барои молҳои зарурӣ мепӯшонанд.
Интиқоли пул аз Русия на аз ҳисоби муҳоҷироне, ки ҳоло дар кишвар он қадар зиёд нестанд, балки аз ҳисоби афзоиши маошашон меафзояд.
Ҳоло мизони интиқоли миёна аз Федератсияи Русия аз 261 доллари семоҳаи сеюми соли 2020 ба 277 доллари давраи мушобеҳи соли 2021 афзоиш ёфтааст.