ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар Душанбе ду ронанда аз ҷониби кормандони милиса дастгир ва ҳабс шуданд, хабар медиҳад Раёсати умури дохилӣ дар пойтахт.
Бинобар хабари ин ниҳод, ронандаҳо чанд рӯз пеш дар назди истгоҳи бозори "Саховат" ҷангу ҷанҷол намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд. Зимнан корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу навор аз лаҳзаи задухӯрди ронандаҳо аз кормандони милиса хоҳиш намуданд, ки барои вайрон намудании оромӣ дар шаҳр нисбати онҳо чораҷӯӣ шавад.
Манбаъ меафзояд, ҳар ду ронандаро кормандони милиса муайян ва дастгир намудаанд. Онҳо сокинони шаҳри Леваканд ва ноҳияи Вахш мебошанд, ки зимни як нофаҳмӣ дар Душанбе вориди муноқиша шудаанд.
Раёсати умури дохилӣ қайд мекунад, ки нисбати ҳар ду тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Дар асоси қарори додгоҳ ронандагон ба 5 шабонарӯзи ҳабс маҳкум шудаанд.