Барканории 17 корманд ба далели риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ дар Кӯшониён

Мақомоти Кӯшониёни вилояти Хатлон аз ҷаримаи 195 нафар ва барканории 17 корманд ба хотири риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Карим Саидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон эълон кард, ки марказ 17 нафар кормандро барои риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ аз кор озод кард, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Манбаъ хабар додааст, ки кормандони рондашуда аз дӯкону мағозаҳо ва ташкилоту идораҳо мебошанд.
Ҳамзамон, тибқи иттилои манбаъ, дар 10 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони марказ 325 бор санҷиши нақшавиву ғайринақшавӣ гузаронида шуда, 195 нафаре, ки қоидаҳои санитарию эпидемиологиро риоя намекарданд, ба мабалағи 34 ҳазору 680 сомонӣ ҷарима шуданд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Гинсбург роҳеро нишон дод, ки 100% аз коронавирус муҳофизат мекунад
“16 мактуб ба мақомоти қудратӣ фиристода шуд”, - гуфт Карим Саидов.
Сардори Маркази назорати давалтии санитарию эпидемиологии ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон илова кардааст, ки кори 15 иншоотро барои риоя накардани ҳолати санитарӣ то бартараф кардани камбудиҳояшон боздошта, инчунин 17 нафарро аз кор озод кардаанд.
Манбаъ иттилоъ дод, ки дар давоми 10 моҳи соли равон 12 нафарро барои истифода накардани ниқоби тиббӣ 120 сомонӣ ҷарима кардаанд ва маҷмуи ҷароим аз ин ҳисоб дар ин давра ба як ҳазору 440 сомонӣ расидааст.