ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ба Sputnik Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ намуданд.
"Фармони президент дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъйин намудани Ализода Аъзам Наврӯз рӯзи 17-уми ноябр содир шудааст”, - гуфт манбаъ.
Курсии раиси ноҳияи Мастчоҳ баъди даргузашти Тоҳир Азиззода ду моҳ ба ин тараф холӣ буд.
Ализода Аъзам Наврӯз то ин замон сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд буд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҳир Азиззода 14 сентябр бар асари беморӣ дар синни 41-солагӣ аз олам даргузашт. Фитрати Ҳикмат, сардабири ҳафтаномаи ноҳиявии "Машъал" изҳор дошт, ки иллати марги дақиқ нашудааст.
"Таб карданду фишорашон ҳам баланд шуд", - афзуда буд оқои Ҳикмат.
Марҳум 13 январи соли 2020 бо фармони кишвардори Тоҷикистон раиси ноҳияи Мастчоҳ таъйн шуд ва аз ҷониби раиси вилояти Суғд дар зимни як ҷаласа барои масъулини ноҳия муаррифӣ гардид.