ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Аз моҳи ноябри соли ҷорӣ дар масири Самара - Душанбе боз як ширкати ҳавопаймоӣ парвоз анҷом медиҳад, менависад "Samru".
Ин ширкати ватании "Сомон -эйр" аст, ки минбаъд ба мусофирон дар самти мазкур хидмат мерасонад.
Гуфта мешавад, ширкати тоҷикистонӣ ҳафтае як маротиба бо ҳавопаймои "Boeing -737" аз фурудгоҳи "Курумоч"-и Самара ба Душанбе парвозро анҷом медиҳад.
Вақти парвоз аз Самара соати 12:05 ва аз Душанбе 08:00 арзёбӣ мешавад. Муддатзамони парвоз 3 соату 20 дақиқаро ташкил мекунад.
Бояд зикр намуд, ки қаблан дар ин самт танҳо ширкати ҳавопаймоии "Уралский авиалинии" парвоз мекард. Ин ширкат ҳафтае се бор аз Самара ба Душанбе парвоз мекунад.