Ҳукумати ВМКБ гуфт, дар Афғонистон садди хатарноке барои Тоҷикистон бунёд мешавад - акс

Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз бунёди садде дар соҳили афғонистонии дарёи Панҷ хабар дод, ки барои Тоҷикистон хатаровар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ҳукумати ВМКБ мегӯяд, ноиби аввали раиси вилоят Низом Мирзозода бо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Рушон шинос шудааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни боздид маълум гардид, ки сокинони деҳаи Поҷвари Ҷумҳурии Афғонистон бо маблағгузории шарикони рушд садде сохта истодаанд, ки барои соҳили тарафи Тоҷикистон хатар дорад.
1 / 4

Соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ

2 / 4

Соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ

3 / 4

Соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ

4 / 4

Соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ

Таъкид шудааст, ки ин сад барои Тоҷикистон хатари аз байн бурдани зиёда аз 140 гектар заминҳои корами обии деҳаҳои Дерзуд, Барзуд ва Баррӯшони ноҳияи Рӯшонро ба миён меорад.

"Инчунин эҳтимолияти шусташавии роҳи байналмилалии Хоруғ - Душанбе, зери об мондани як адад фермаи чорводорӣ , 20 адад хонаи истиқоматӣ, базаи логистикии Агентии захираҳои моддии давлатии назди президенти Тоҷикистонро ба вуҷуд меорад", - омадааст дар иттилоия.

Ҳукумати ВМКБ таъкид намуд, ки ноиби аввали раиси вилоят аз корҳои сохтмонӣ эроди ҷиддӣ гирифта, барои бартараф намудани камбудиҳо ва вусъати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба масъулин супориш додааст.
Мақомоти Кӯлоб гуфт, бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ чӣ корҳоро анҷом додааст
Дафтари матбуотии ҳукумати ВМКБ илова намуд, ки иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ таҳти назорати мақомоти вилоятӣ гирифта шуд.