ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Холид Иброҳим Ас-Сулайти, раиси Муассисаи фарҳангӣ ва туристии Қатар дар Доҳа дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, тарафайн дар ин мулоқот дар мавриди таҳияи барномаҳо барои созмондеҳии рӯйдодҳои муштарак бо ҳадафи муаррифии фурсатҳои гардишгарии кишварҳои якдигар, барпоии намояндагиҳои гардишгарӣ, саноеи дастӣ ва дигар барномаҳои фарҳангӣ дар ояндаи наздик тавофуқ карданд.
Ҳайати Тоҷикистон бо раёсати раиси Кумитаи рушди гардишгарӣ дар намоишгоҳи байналмилалии туристии “Qatar Travel Mart 2021”, ки дар Доҳа оғоз ва то 18 ноябр идома меёбад, ширкат мекунад.
Тибқи гузориши Кумитаи рушди сайёҳӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 234 ширкати сайёҳӣ соҳиби иҷозатномаи фаъолият аст. Аз ин теъдод 30 ширкати гардишгарӣ соли 2020 ва 24 ширкат имсол таъсис ёфтааст.
Бояд қайд кард, ки дар солҳои гузашта даромади бахши сайёҳӣ 205-230 миллион доллар дар сол ё 2,5 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилиро ташкил медод, аммо дар соли 2020 милодӣ ин шохис ба як дарсад аз тавлиди нохолиси дохилӣ коҳиш ёфта, 72,6 миллион долларро ташкил додааст.
Дар натиҷаи пандемия даромади ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, пансионатҳо, тарабхонаҳо ва муассисаҳои хӯроки умумӣ, инчунин аҳолӣ, ки ба сайёҳон хидмат мерасонанд, хеле коҳиш ёфтааст.