ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар сӯхтори ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав ягон тоҷикистонӣ фавт ва ё осеб надидааст. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи "Facbook"-и худ навиштааст.
Маълумоти мазкурро Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия низ тасдиқ кардааст. Маълум гардид, ки ду нафар аз кушташудагон ва маҷрӯҳони ин сӯхтор шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд.
Қаблан бисёре аз расонаҳо хабар доданд, ки дар яке аз сохтмонҳои ноҳияи Солнечногорск сӯхтори шадид сурат гирифт ва ду шаҳрванди Тоҷикистон қурбони ин ҳодисаи нохуш гашт.
Ёдовар мешавем, ки 12 ноябр дар ноҳияи Зеларински вилояти Иркутск ду муҳоҷири тоҷик бар асари сӯхтор ба ҳалокат расида, чаҳор нафари дигар захмӣ шуд. Онҳо дар сарой зиндагӣ ва дар сохтмон кор мекарданд.
Хабаргузории ТАСС навишта буд, ки миёни гурӯҳе аз сохтмончиён ва сокинони маҳаллӣ муноқиша рух додааст, ки баъдан ба задухӯрд печидааст.
Таъкид шудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса бар асоси моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия, (одамкушӣ) парванда оғоз гардидааст.