Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Ӯш: ҳафт тан ҳалок ва 15 нафар захмӣ шуд

Понздаҳ нафар, аз ҷумла ду кӯдак дар пайи садамаи нақлиётӣ ҷароҳат бардошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар роҳи Бишкек - Ӯш садамаи бузурги нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа ҳафт нафар ба ҳалокат расид, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ.
Ин ҳодиса дар километри 661-уми роҳ, дар минтақаи Қарасуу рух додааст.
Худравҳои "Mercedes-Benz Sprinter", "Daewoo Nexia" ва КамАЗ ба ҳам бархӯрданд.

"Тибқи маълумоти пешакӣ, 7 нафар (се мард ва чаҳор зан) дар пайи ин ҳодисаи нохуш ҳалок шуд. 15 нафар бистарӣ шуд, 6 кас дар бахши эҳёгарии бемористони вилоятии Ӯш, ду кӯдак дар беморхонаи кӯдакона бистарӣ шудаанд", — гуфтанд дар Вазорати корҳои дохилии ин ҷумҳурӣ.

Аз аксҳо дида мешавад, ки мошини боркаш чаппа шуда, микроавтобус хароб шудааст. Дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагон кор мебаранд.
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хоруғ: Мошин ба дарё сарозер шуду се мусофир фавтид
Ёдовар мешавем, ки ин дувумин садамаи бузурги пурқурбонӣ тӯли 30 рӯзи охир аст. Рӯзи 16-уми октябр дар натиҷаи як садама дар вилояти Талас 8 нафар ба ҳалокат расид.
Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Қирғизистон: 8 кас ҷон бохт
Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ бар ин назаранд, ки дар аксари мавридҳо сабаби рух додани садамаҳо омили инсонист.