Раҳмон дар бораи барканории 2 президенти аввал ва вазъи ҳозира: Душанбе аз амнтаринҳост

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон бо нашри як мақола аз таърихи институти президентӣ дар кишвар гуфта, сабаби аз қудрат рафтани ду раисҷумҳури аввалро баён доштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, аввалин маротиба институти президентӣ дар ҷумҳурӣ бо ворид намудани тағйироти дахлдор ба Конститутсияи ҳамон сол амалкунанда моҳи ноябри соли 1990 таъсис дода шуда, ду нафар ба ин мансаби олӣ интихоб гардидаанд.
Аввалин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ва дуюмӣ Раҳмон Набиев мебошад.
Юсуф Раҳмон дар матлабаш дар сомонаи "Ховар" таъкид намудааст, ки дар як муддати кӯтоҳ, солҳои 1990-1992 президентҳои интихобгардида зери фишору таҳдидҳои гурӯҳҳои мусаллаҳу ифротӣ истодагарӣ карда натавониста, идоракунии давлатро аз даст доданд.

“Ин беҳокимиятӣ Тоҷикистонро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда, боиси ҳалокати ҳазорон нафар шаҳрвандон ва гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар сокинони кишвар гардид”, - навиштааст додситони кулли Тоҷикистон.

Ӯ зикр намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз фаъолият боз монда, мардуми бегуноҳ ва бисёр арбобони давлатию ҷамъиятӣ қурбони террористон гардида, садҳо бинову иморат ва манзилҳои истиқоматӣ несту нобуд карда шуданд.
“Сиёсат чиркинтарин кор”: хотираҳои Маҳкамов аз баҳманмоҳ, истеъфо ва гила аз ҳамсафон
Юсуф Раҳмон аз аҳди Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 ноябри соли 1992 дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ҳайси роҳбари давлат интихоб шуд, тавсиф намудааст, ки дар баробари дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сулҳу оромӣ дар кишвар барқарор шуд.
Додситони кул таъкид намудаст, ки феълан Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ аз лиҳози бехатарӣ барои ҳаёти шаҳрвандон дар ҷойҳои аввал қарор дошта, шаҳри Душанбе ба феҳрасти 10 шаҳри барои зиндагӣ бехавфтарини дунё ворид гардидааст.