Коршинос гуфт, Раҳмон дар ҳалли буҳрони Афғонистон чӣ нақше дорад

Ба гуфтаи коршинос, иқдоме, ки роҳбари давлат анҷом медиҳад, имкон медиҳад, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба мушкилоти Афғонистон бештар намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Муҳаммадӣ Сафолзода, олими шарқшиноси тоҷик, коршиноси равобити байналмилалӣ дар гуфтугӯ бо АМИТ “Ховар” изҳор кардааст, ки бо ибтикори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти мавҷудаи Афғонистон ва таҳлили фарогири вазъ дар ин кишвар иқдомоти ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои нави бурунрафт аз қазия пиёда карда мешаванд.
Вай афзуд, иқдомоти созандаи президенти Тоҷикистон босамар, мубрам ва прагматикӣ мебошанд.
Оқои Сафолзода қайд кардааст, ки арзишҳои стратегияҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар он зоҳир мегарданд, ки онҳо дар баробари асосҳои консептуалӣ ва усулҳои ҳамбастагӣ ба тамоми давлатҳо, пеш аз ҳама ба робитаҳои созанда бо кишвари Афғонистон равона шудаанд.
Музокироти Тоҷикистону Фаронса: Мавқеи Раҳмон дар бораи Афғонистон ва маорифу сармоягузорӣ
“Дар он кишвар мардуми азияткашидаи он ба сулҳ ва суботи деринтизор зарурати бештар доранд”, - зикр кардааст коршинос.
Коршинос илова кардааст, ки дар баробари ҳамкории башарӣ-иқтисодӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба қазияи Афғонистон аҳамияти хос зоҳир менамояд.
Ба гуфтаи коршинос, раисҷумҳури Тоҷикистон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба мисли СММ, САҲА, СҲИ аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват мекунад, то дар ҳалли қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
“Бо ибтикороти Президенти Тоҷикистон маҳз бо такя ба мушкилоти мавҷудаи Афғонистон ва таҳлили фарогири вазъ дар ин кишвар, иқдомоти ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои нави бурунрафт аз қазия пешниҳод карда мешаванд. Агар ин нуктаро бо як ҷумла баён намоем, метавон гуфт, ки аз таҳлилҳои иқдомоти президенти Тоҷикистон бояд чунин натиҷагирӣ кард, ки онҳо босамар, мубрам ва прагматикӣ мебошанд”, — изҳор дошт коршинос.