Боздошти тоҷикон бо ҷурми ҳамдастӣ дар убури ғайриқонунии марзи Лаҳистон

Кормандони интизомии Лаҳистон чанд шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро дар кӯмак ба муҳоҷирон барои убури марз дастгир карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Лаҳистон барои ташкили убури ғайриқонунии марз боздошт шуданд, гузориш медиҳад Идораи марзбонии Лаҳистон.
Дар маҷмуъ панҷ нафар барои кумак дар убури марз ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Гуфта мешавад, дар баробари тоҷикон, ҳамчунин шаҳрвандони Украина, Лаҳистон низ ба корҳои ғайриқонунй машғул буданд. Онҳо дастикам ба 10 нафар дар убур кардани марз кумак намудаанд.
Якеро дафн карданд: Шаби сахти муҳоҷирон дар марзи Беларусу Лаҳистон - тасовир
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ин ниҳод, дар як шабонарӯз дар ин кишвар 224 мавриди убури ғайриқонунии марзҳои давлатӣ сабт шудааст. Шаби сешанбе як гурӯҳи 100-нафарии муҳоҷирони ғайриқонунӣ кӯшиш кард, ки марзи Беларусу Лаҳистонро убур кунад.
Дар пайи буҳрони муҳоҷират вазъ дар марзи Беларусу Полша бадтар шуд. Паноҳандаҳо лагерро тарк карда, дар гузаргоҳи Брузги, дар шоҳроҳ таҷаммуъ карданд. Ба гуфтаи мақомоти амниятии Лаҳистон, дар он ҷо ҳудуди 3,5 ҳазор нафар ҷамъ шуда буд.