ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Гурӯҳи боздоштшуда ғайриқонунӣ барои муҳоҷирон шаҳрвандии Русияро таҳия мекардаанд, хабар дод дафтари матбуотии Маркази равобити ҷамъиятии Хадамоти федералии амният.
"Фаъолияти гурӯҳи этникии фароминтақаие ошкор шуд, ки ба ташкили ҳузури ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳавзаҳои федералии марказӣ, шимолу ғарбӣ ва назди Волга машғул будааст", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, дар доираи ин қазия 42 нафар бозҷӯӣ шудааст, ки 20 нафари онҳо дар минтақаи Маскав қарор доштааст. Маъмурини ФСБ нашриёти ғайриқонунӣ, асноди муҳоҷиратӣ, муҳрҳои тақаллубӣ ва пулу муҳосиботи пинҳонии онҳоро низ ошкор кардаанд.
Таъкид шудааст, ки феълан 21 нафар боздошт гардида, дар ин робита иқдомоти аввалия анҷом шудааст.
Ба иттилои тафтишот, аъзои ин гурӯҳ барои шаҳрвандони хориҷӣ асноди тақаллубӣ, никоҳи сохта бо шаҳрвандони Русия таҳия ва барои таҳияи падарӣ ба фарзандони дорои шаҳрвандӣ мусоидат мекардаанд. Таъкид шудааст, ки баъдан аз тариқи кормандони мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳрҳои гуногун ҳузури қонунии муҳоҷиронро фароҳам карда, дар натиҷа он нафарон шаҳрвандии Русияро соҳиб мешудаанд.