Мақомдорони тоҷик бо баландгӯяк роҳи пешгирӣ аз коронавирусро мефаҳмонанд

Мақомдорони бахши тандурустӣ дар Тоҷикистон бо истифода аз баландгӯяк дар бозору нақлиёт ва дигар ҷойҳои пурҷамъият роҳҳои пешгирӣ аз коронавирусро тавзеҳ медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаҳри Хуҷанд раванди шарҳу тавзеҳи муқобила бо коронавирус роҳандозӣ гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, мақомдорони тандурустӣ дар макотиби миёна, ба омӯзгорон ва хонандагон шеваҳои пешгирии коронавирусро фаҳмондаанд.
"Аз роҳҳои асосии пешгирии сирояти коронавирус, ин пайваста шустани дастон, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани ниқоби тиббӣ ба шумор мераванд", - гузориш дод Вазорати тандурустӣ.
Манбаъ афзуд, аз хонандагони макотиб даъват шуд, ки қоидаҳои пешгирии ин бемориро риоя намоянду бо ин роҳ худ ва наздиконашонро аз сироятшавӣ нигоҳ доранд.
Роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд барои ҷилавгирӣ аз коронаиврус
Бар асоси гузориши аксии нашркардаи Вазорат, мақомдорони тандурустӣ дар ҳоле қоидаҳои беҳдоштиро тариқи баландгӯяк, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар автобуси серодам баён медоранд, ки бархе мусофирон ниқоб надоранд.
Таъкид шудааст, мақомдорони бахши тандурустӣ ба зарурати гирифтани ваксинаи зидди коронавирус таъкид намуда, онро ягона роҳи ҷилавгирӣ ва ё бидуни мушкилии зиёд паси сар кардани ин беморӣ унвон карданд.