Ваксина ягона роҳ аст: Мулоқот бо сокинон барои суръат бахшидани ваксинагирӣ дар Хуҷанд

Мақомдорони умури беҳдошти шаҳри Хуҷанд бо сокинон мулоқот баргузор намуда, аҳмият ва тарзи ваксинагириро тавзеҳ доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ аз сирояти бемории короновирус ва тарғиби гирифтани ҳарчи зудтари ваксина бо сокинон мулоқот мекунанд.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, чунин як мулоқот дар мактаби рақами 12-и шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи Тути Калон баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки ваксиназанӣ алайҳи COVID-19 дар ҷумҳурӣ моҳи марти соли равон оғоз шуда, он барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Мақомдорони беҳдошт таъкид намуданд, ки ваксина ягона роҳи боэътимоди пешгирии сироят ё ҷараёни мураккаби беморӣ мебошад.
Шабнами Сурайё намехоҳад ваксина бигирад - видео
Ба сокинон шарҳ дода шуд, ки ваксина ду маротиба гузаронида мешавад.
"Вақте ки ваксинаи якум ворид карда мешавад, дар бадани инсон як хотира пайдо мешавад, вале он қудрати масуният пайдо кардан надорад. Ҳангоми ворид кардани ваксинаи дуюм якбора миқдори зиёди антителаҳо пайдо мешавад", - таъкид намудаанд мақомдорони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд.
Зикр шуда, ки вояи дуюм бояд баъд аз 21 рӯзи вояи аввал гирифта мешавад, зеро масуният дар бадан пас аз се ҳафта ҳосил мегардад.
Дар мавриди онҳое, ки гирифтори коронавирус шудаанд, тавсия мешавад, бояд пас аз шаш моҳ ваксина гиранд. Инчунин тавзеҳ дода шудааст, ки бархе аз мутахассисон пас аз бемор шудан гирифтани як воя ваксинаро кофӣ медонанд, аммо бархе дигар гирифтани ду вояро муҳим мехонанд.
Ин мулоқотҳо дар ҳолеянд, ки феълан гирифтани ваксина дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон идома дорад.