ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Шӯхиҳои халабонҳои шӯравӣ, аз ҷумлаи ёддоштҳои низомиёни амрикоӣ шудаанд, навиштааст "Theaviationgeekclub".
Ин пойгоҳ иқтибосе аз китоби бахшида ба корнамоиҳои ҳавоӣ - Douglas F3D Skyknight (F-10)-ро овардааст, ки қиссаҳои ҷолибе аз хотираҳои халабонҳои амрикоиро дар бар мегирад.
Чак Ҳаусман аз як дидор бо халабонҳои шӯравӣ нақл кардааст. Ӯ мегӯяд, зимни як амалиёташон ҳавопаймоҳои МиГ баланд шуданд, ки то роҳи ҳавопаймоҳои ИМА-ро гиранд.
Баъди анҷоми муваффақи вазифаи гузошташуда халабонҳои шӯравӣ ба ҳайати фармондеҳияшон гузориш додаанд, ки ҳамтоёни амрикоӣ онҳоро акс гирифта истодаанд ва дастуроти минбаъдаро хостаанд.
"Онҳо пурсиданд, ки чӣ кор кунанд. Яке аз нозирони парвоз шӯхӣ карду гуфт, ки табассум кунанд", - нақл кард Ҳаусман.
Ба гуфтаи ӯ, низомиёни амрикоӣ интизор набуданд, ки русҳо то ин ҳад ҳазлбозанд, махсусан дар чунин шароити мураккаб.
Дар китоб ёддоштҳои халабонҳои амрикоии дигар низ ҳастанд, ки дар ҳаво бо ҳамтоёни шӯравияшон дучор омаданд.
Коршиноси умури ҳавонавардӣ Ҷо Копалман таъкид намуд, ки чунин мулоқотҳои ҳавоӣ ором сурат мегирифтанд, чун низомиёни ИМА марзҳои давлатиро убур намекарданду вазифаҳои гузошташударо дар фазои байналмилалӣ анҷом медоданд.
Амрикоиҳое, ки қаламрави Шарқи Дурро пажуҳиш мекардаанд, дар ёддоштҳояшон ба моил будани халабонҳои шӯравӣ ба дӯстӣ таъкид кардаанд.