Регистонӣ: Толибон мехоҳанд Афғонистонро иёлоте аз Покистон бисозанд

Яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар пайёми савтии худ гуфтааст, ки гурӯҳи толибон мехоҳад Афғонистонро иёлоте аз Покистон бисозад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар навори савтие, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расидааст, Солеҳ Муҳаммад Регистонӣ, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, ба расмият шинохтани ҳукумати толибон ба маънии ба расмият шинохтани ДИИШ*, шабакаи "Ал-қоида"* ва ҳама гурӯҳҳои террористӣ дар ин ҷаҳон аст.
Регистонӣ ҳамчунин аз шаҳрвандони Афғонистон барои тазоҳурот дар кишварҳои мухталиф изҳори сипос кард ва гуфт, ки шумо низ мисли мо муқовимат мекунед ва садои мардуми Афғонистонро ба ҷаҳониён мешунавонед.
Паёми нави Регистонӣ ба ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ
Регистонӣ афзуд, Толибон мехоҳанд Афғонистонро ба як иёлоти Покистон табдил диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз чанд рӯзи суқути ҷумҳурӣ ва ба қудрат расидани иморати исломӣ раиси ISI-и Покистон вориди Кобул шуд ва ин гумоназии дахолати Покистон дар умури Афғонистонро бештар кард.
*-гурӯҳи мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон