ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар Қирғизистон ваксиназании наврасони 15-18-сола бар зидди COVID-19 оғоз мешавад, хабар медиҳад шабакаи "Ала-Тоо 24" аз қавли вазири тандурустии ин кишвар Алимқодир Бейшеналиев.
Вай изҳор дошт, ки Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус ин масъаларо дар моҳи декабр ҳал хоҳад кард.
Гуфта мешавад, наврасон ба таври ихтиёрӣ моякӯбӣ мешаванд.
"Мо аллакай ба эмгузаронии наврасоне, ки мехоҳанд ваксина гиранд барои сафар ба хориҷа, шуруъ кардем", - гуфт Бейшеналиев.
Ёдовар мешавем, қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эътироф намуда буд, ки кӯдакону наврасон ҳам бояд алайҳи маризии коронавирус моякӯбӣ шаванд.
Намояндагони СҶБ зикр намудаанд, ки кӯдакону наврасон аслан ин бемориро нисбатан сабуктар паси сар мекунанд.
"Аз ин рӯ агар онҳо дар гурӯҳи дорои хавфи шадиди COVID-19 набошанд, онҳо бояд пас аз пиронсолон, шахсони гирифтори бемориҳои музмин ва кормандони тиб ваксина гиранд", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Қаблан ин созмон барои мавҷуд набудани маълумоти кофӣ дар бораи таъсири ваксина ба бадани кӯдак онро тавсия накарда буд.