ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Хусравов, ки барандаи медали нуқраи Қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2021 дар Тошканд бо нашри як сипоснома аз мухлисонаш миннатдорӣ кард.
"Кӯшиш мекунам, ки медали тилои дуюми Қаҳрамонии ҷаҳонро ба миллатам ҳадя намоям. Бо амри Худо", - навиштааст паҳлавони тоҷик.
Ин ваъдаи Хушқадам Хусравов дар ҳолест, ки ӯ дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо дар шаҳри Тошканд аз ҳарифи қазоқистонияш Жананият Роҳат шикаст хӯрд. Хусравов то марҳилаи ниҳоӣ рақибони худ аз Қирғизистон, ИМА, Итолиё ва Русияро мағлуб карда буд.
Дар ин мусобиқа паҳлавони дигари тоҷик Акмалиддин Каримов ҷои аввал гирифта, қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон 14 нафар намояндагӣ мекунад. Мусобиқаи ҷаҳонии самбо дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд аз 12 то 14 ноябр идома меёбад, ки дар он беҳтарин варзишкорони ҷаҳон ширкат мекунанд.
Бунёди ҷоизаи ин мусобиқа 231 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Қаҳрамонони ҷаҳон чаҳор ҳазор доллар, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ мутаносибан се ҳазор ва ду ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкати варзишкорони 50 кишвари дунё дар назар аст.