ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Сулаймон Талбакзода, ноиби мудири Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ 741 тафтишу санҷиш гузаронда, наздики 300 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардаанд.
Талбакзода дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, аз 299,2 миллион сомонӣ зарари молиявии ошкоршуда наздики 92 миллион сомонӣ ба изофанависӣ зимни корҳои таъмиру сохтмонӣ рост меояд.
"Хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 13,8 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруф — 28,9 миллион, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ — 91,8, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ — 1,2 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ — 128,6 ва маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмии давлатӣ 34,9 миллион сомониро ташкил медиҳад", - таъкид намуд ноиби раиси Ожонс.
Ӯ илова намуд, ки аз ин 78,1 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ва 135 миллион сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳо, ҷамъ 71,2 фоизи маблағи зарари ошкоршуда барқарор гардид. Таъкид шуд, ки чораандешӣ барои барқарор намудани 86,1 миллион сомонии боқимонда идома дорад.
Инчунин зикр шуд, ки аз ҳисоби бақияпулиҳои андоз, зарарҳои ошкоршудаи соли қаблӣ ва дигар манбаъҳо 5,3 миллион сомонии дигар низ ба давлат баргардонда шуд.