Нагаронии мақомот аз зиёдшавии қарзи барқ дар Кӯлоб

Масъулини ҶСК “Шабакаҳои барқ” дар шаҳри Кӯлоб хабар додааст, ки қарзи аҳолӣ аз барқ ба беш аз 214 миллион расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон қарзи барқ аз муштариён ба ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ зиёда аз 336 миллиону 727 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, иттилоъ додааст сомонаи ҳафтаномаи “Фараж”.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки аз ин арқом 214 миллиону 772 ҳазораш қарзи аҳолӣ мебошад, ки боиси нигаронии масъулони барқи минтақа шудааст.
Масъулони ҶСК “Шабакаҳои барқ” дар шаҳри Кӯлоб гуфтаанд, Кӯлоб 150 миллиону 541 ҳазор сомонӣ, Восеъ 57 миллиону 564 ҳазор сомонӣ, Фархор 27 миллиону 514 ҳазор сомонӣ, Ҳамадонӣ 23 миллиону 469 ҳазор сомонӣ, Данғара 16 миллиону 584 ҳазор сомонӣ, Темурмалик 13 миллиону 120 ҳазор сомонӣ, Муъминобод беш аз 22 миллион сомонӣ ва Ховалинг 15 миллиону 986 ҳазор қарздор мебошанд.
Ҳушдори мақомдорони Хатлон: Зимистони оянда аз гузашта сардтар хоҳад шуд
Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд кардааст, ки қарзи барқи ду ноҳияи Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳо камтар будааст. Қарзи барқи ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин 6 миллиону 790 ҳазор сомонӣ ва Балҷувон 1 миллиону 720 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки қарзи истифодабарандагони саноат, ғайрисаноатӣ, кишоварзӣ ва ба онҳо баробаршуда наздики 56 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, соҳаҳои буҷет ва муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ 11 миллиону 675 ҳазор сомонӣ, дастгоҳ ва истгоҳҳои обкашӣ, мошинҳои обёрӣ ва нақлиётӣ беш аз 32 миллиону 390 ҳазор сомонӣ ва қарзҳои дигар сохторҳо аз солҳои пеш 20 миллиону 722 ҳазор сомонӣ аст.