Мирзиёев барои дидор ба Путин ба Маскав меравад

Шавкат Мирзиёев баъд аз дубора интихоб шуданаш ба ҳайси раисҷумҳур нахустин сафари хориҷиашро ба Маскав анҷом медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар Маскав бо ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ хоҳад кард, иттилоъ додааст шабакаи телевизионии "Россия 1".
"Раисҷумҳури Ӯзбекистон барои дидор бо Путин ба Русия сафар мекунад. Ин як рӯйдоди муҳим аст. Бояд гуфт, ки ин нахустин сафари хориҷии Мирзиёев пас аз интихоботи ахири раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар ва пирӯзии ӯ дар интихобот аст", — таъкид шудааст дар хабари шабакаи телевизиони "Россия 1".
Интизор меравад, музокироти раҳбарони кишварҳо ҳафтаи оянда дар шаҳри Маскав баргузор шавад.
Шавкат Мирзиёев ба Қуръону Сарқонун қасам хӯрду президенти Ӯзбекистон шуд
Илова бар ин Владимир Путин дар ҷаласаи васеи Вазорати корҳои хориҷии Русия иштирок хоҳад кард. Ҷаласаи мазкур дар шакли офлайн ташкил карда мешавад.
Ҷаласаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар ду сол як бор баргузор мешавад. Путин ба сафирони Русия ва раҳбарияти вазорат дар бораи идомаи кор дар шароити кунунии душвори байналмилалӣ дастур хоҳад дод.