ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Ба иттилои Раёсати андози вилояти Хатлон, дар вилоят бақияи қарзи андоз ба ҳолати якуми октябри соли ҷорӣ 176 миллиону 971 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин рақам нисбат ба авали соли ҷорӣ 13 миллиону 820 ҳазор сомонӣ кам будааст, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.
тибқи иттилои манбаъ, бақияи қарзи андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар аввали соли равон 189 миллиону 917 ҳазору 198 сомониро ташкил медод, ки ин дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ба 176 миллиону 971 ҳазор расонида шуд.
Ҳамзамон зикр шудааст, ки бақияи қарз дар 24 шаҳру ноҳия кам карда шуд.
дар ҳамин ҳол, манбаъ қайд кардааст, ки мутаасифона бақияи қарз дар ноҳияи Ҷайҳун бештар аз 2 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.
“Бештар бақияи қарзи андоз дар шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ҷомӣ, Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Бохтар, Балхӣ, Данғара ва Ҷайҳун ҷой дорад”, — иттилоъ додааст Раёсати андози вилояти Хатлон.