ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ роҳандозӣ гардид.
Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ бо нашри як иттилоия гуфт, дар ярмарка зиёда аз 2 тонна гушт, 45 сар моли майда 15 тонна картошка, 10 тонна сабзӣ ва 5 тонна меваву сабзавот ба фурӯш гузошта шуд. Таъкид гардидааст, ки нарх дар ин ярмарка, ки бо иштироки роҳбарони вилоят баргузор шуд, аз нархи бозор ҳудуди 30-40 фоиз арзон мебошад.
Намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Алишер Мирзонабот, раиси нави ВМКБ
© Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ
Ҳадафи ин чорабинӣ ғанӣ гардонидани дастархони бошандагони вилоят бо маҳсулоти ниёзи аввал ва захира барои фасли зимистон арзёбӣ гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Алишер Мирзонабот зимни боздид аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ба масъулин барои минбаъд низ дастур дод.
Бахшида ба Рӯзи Президент пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзон дар ВМКБ дар ҳолест, ки ҳамасола 16 ноябр дар Тоҷикистон чун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад.