ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Каъбатулло Меликзода, ноиби раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, нақшаи Раёсати андозсупорандагони калон тайи нуҳ моҳ иҷро нашуд.
Ӯ тавзеҳ дод, ки чунин ҳол асосан аз ҳисоби корхонаи "Ширкати алюминийи тоҷик", ширкати "Тоҷиктелеком" ва ширкатҳои мобилӣ ба вуҷуд омадааст.
Ба гуфтаи Меликзода, иҷро нагардидани нақшаи андоз аз арзиши иловашуда ба нокифоя будани манбаъҳои андозбандӣ дар ширкатҳои мобилӣ рабт дорад. Вай муътақид аст, ки чунин ҳол ба коҳиши зангҳои байналмилалӣ вобаста аст.
Сол аз сол ҳаҷми хизматрасониҳои трафики овозии байналмилалӣ ва баъзе аз корхонаҳои калони саноатӣ коҳиш меёбад, ки ин боиси кам ва ё афзоиш наёфтани маблағҳои ҳисоб ва пардохтшудаи андозҳо гардида истодааст, навишт нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли ноиби раиси Кумитаи андоз.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, дар нуҳ моҳи соли равон нақшаи даромади буҷаи ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби Хадамоти гумрук 111 дарсад ва аз ҳисоби Кумитаи андоз 91,2 фоиз таъмин гардидааст. Қисми аъзами нақшаи даромади буҷаи ҷумҳуриявиро андоз аз арзиши иловашуда ташкил медиҳад, ки мақомдори андоз далели инҷро нашудани онро тавзеҳ дод.
Дар маҷмуъ ба гуфтаи Меликзода, дар нуҳ моҳи соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 100,7 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 9 миллиарду 990,7 миллион сомонӣ, ба буҷаи давлат 10 миллиарду 55,7 миллион сомонӣ ворид гардид.