ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Духтари ҳиротӣ дар ин бора ба хабаргузории "Амаҷ" гуфтааст, ин фармондеҳ толиб хостори алоқаи ҷинсӣ бо ӯ шудааст.
Духтари ҳиротӣ, ки ба гуфтаи худаш, соате аз шабро зери шаллоқи толибон гузарондааст, иддао мекунад, ки вайро латукӯб кардаанд ва фармондеҳи толибон бо номи Сибғат аз ӯ тақозои алоқаи ҷинсӣ кардааст.
Гуфта шудааст, ки хабарнигори “Амаҷ” ба Сибғат занг зад, аммо ӯ бо шунидани номи хабаргузорӣ телефонро қатъ кард.
Ёдовар мешавем, дар ҳафтаҳои ахир бори дувум аст, ки гузоришҳо дар бораи талаби ҳамхобагӣ аз занони афғонистонӣ аз сӯйи ҷангҷӯёни толибон мунташир мешаванд.