Бушқоби паранда ё падидаи осомонӣ? Донишмандон дар ҳайратанд - видео

Мутахассисон сабаби пайдоиши ин падидаро наметавонанд шарҳ диҳанд
Sputnik
Зиёда аз даҳ нафар дар осмони Фаронса як падида аҷиберо мушоҳида карданд, менависед “Daily Express”.
Ҳодисаи мазкур шаб рух додааст. Шоҳидони ин ҳодисаро навор гирифтанд. Дар видео тӯби равшане сабт шудааст, ки дар осмони торик парвоз мекард. Бо суръати зуд ва гардишҳои гуногун шакли он тағйир меёбад.
Ин падидаро сокинони ҳафт шаҳр мушоҳида карданд. Газетаи “Daily Express” нишон медихад, ки “Бушқоби паранда” (НЛО) дар соҳили баҳри миёназамин ҳаракат мекард.
Видео ба коршиносон нишон дода шуд, ва онҳо натавонистанд ин падидаро шарҳ диҳанд. Сипас намояндагони ВАО ба хадамоти обуҳавошиносӣ муроҷиат карданд, аммо коршиносони ин соҳа низ ғайр аз ҳайронӣ дигар чизе илова карда натавонистанд.
Пайдоиши "Бушқоби паранда" боиси сару садоҳое байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст. Аксари онҳо ба хулосае омаданд, ки падида метавонад як ҳавопаймои бесарнишин бошад.
Қаблан дар осмони Санкт-Петербург ва Карелия низ чунин як падида мушоҳида шуда буд. Ситорашиносон боварӣ доранд, ки ин падида - метеорити хурд аст, ки ба Замин таҳдид намекунад.