ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон 47,3% аҳолии калонсоли кишвар зидди коронавирус ваксина гирифтаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Ҳамин тариқ то кунун 2 миллиону 758 ҳазору 384 нафар алайҳи COVID-19 ваксина гирифтааст, ки ин 47,3% аҳолии калонсолро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон 2 миллиону 265 ҳазору 815 нафар вояи дувуми ваксинаро гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол дар Душанбе беш аз 100% шумораи сокинони аз 18-сола боло эм шудаанд.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва муқобила бо коронавирус, аз 3 июли соли ҷорӣ барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ваксингирӣ зидди коронавирус ҳатмӣ мебошад.
"Шахсоне, ки ваксина нагирифтаанд, ҳатман бояд ба пизишки оилавӣ ё муассисаи тиббии маҳалли зисташон муроҷиат кунанд. Ваксинаи коронавирус ройгон гузаронида мешавад", - омадааст дар хабари Вазорати тандурустӣ.
Тибқи гузориши ин ниҳод, тавассути механизми COVAX ва кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон тақрибан 5 миллион вояи ваксинаи коронавирус ворид шудааст.
Феълан дар Тоҷикистон панҷ доруи зидди COVID-19 мавҷуд аст: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Sputnik V.